Таҳқиқи навор: 5-шабонарӯз ҳабс барои дағалгуфторӣ бо мусофирон

Таҳқиқи навор: 5-шабонарӯз ҳабс барои дағалгуфторӣ бо мусофирон

  Бо риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ идора намудани воситаи нақлиёт махсусан воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки барои ҳамлу нақли мусофирон нигаронида шудааст басо муҳим мебошад. Мутаассифона баъзан ронандагону пулчинакҳо ба истилоҳ кондукторон ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ ва идора намудани воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ машғул шудан на танҳо қодаҳои ҳаркати роҳро вайрон мекунанд, ҳамзамон бо мусофирон дағалона рафтор намуда, боиси озори шаҳрвандон мегарданд.
  Навори чунин як амали номатлубу муносибати дағали пулчинак ба истилоҳ кондуктор бо мусофирон санаи 17-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардид, ки мавриди вокуниши васеи шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, зимнан корбарон аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати нафари қонуншикан чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

 Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар ш. Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ гузаронида шуда, баъд аз 2 соат нашр гардидани навори мазкур ҳуқуқвайронкунандагон-ронанда ва пулчинак муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки нафари дағалгуфтори дар навор инъикосёфта, шаҳрванд Худойназаров Рустам соли таваллудаш 4. 04. 1996, сокини ноҳияи Муъминобод муваққатан истиқоматкунанда н. Рудакӣ мебошад, ки дар ҳақиқат дар автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер аломати қайди давлатиаш 2299 ТТ 05 хатсайри №46, ки ба ҶДММ «Сорбон-14» тааллуқ дорад, ба ҳайси пулчинак ба истилоҳ кондуктор фаъолият мекардааст. Баъд аз пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 16-уми март тақрибан соати 15:00 дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе рух додааст, ки воқеан нисбати мусофирзани тақрибан 40-45 сола дағалгуфторӣ намуда, боиси озору поймол гаштани ҳуқуқу манфиатҳои номбурда ва дигар мусофирон гаштааст.


  Зимни таҳқиқ ҳамзамон ошкор карда шуд, ки қаблан низ нисбати ронандаи автомашинаи мазкур барои айнан чунин қоидавайронкунӣ ва дағалрафторию бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда буд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда Худойназаров Рустам бо модаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори суд ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд. Ҳамзамон бо пешниходи милитсияи шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи мазкур барои дар ҳолати хатарнок идора намудани воситаи нақлиёт, фаъолияти нодурусту бемасъулиятӣ аз ҳаққи фаъолияти мусофиркашонии ҷамъиятӣ пурра маҳрум карда шуд.


  Инчунин нисбати Содиқов Сайфиддин Турсунович муҳандиси бехатарии ҶДММ «Сорбон-14» барои назорат набурдан аз болои ронандагон ва дуруст ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидахои бехатарӣ ва хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон тибқи талаботи моддаи 341 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin