Таҳқиқи навор: Садамаи нақлиётӣ бо айби ронандаи автомашинаи Хундай

Таҳқиқи навор: Садамаи нақлиётӣ бо айби ронандаи автомашинаи Хундай

  Санаи 06. 09. 2020. тахминан соати 16:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Туксон» рақами қайди давлатиаш 5686АК08, шаҳрванд Абдуллоев Муродулло Ҳусейнович ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С. Айнӣ талаботи банди 156 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ҳангоми дар чорроҳаи кӯчаи С.Айнӣ – Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» қарор доштан бар хилофи қидаҳои муқарраргардида ба самти чап гардиш намудааст. Дар натиҷаи вайрон намудани Қоида ва талаботҳои ҳаракат дар роҳ номбурда ба втомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла» рақами қайди давлатиаш 1435НН01, таҳти идораи шаҳрванд Одинаев Абдувоҳид бархурдаааст, ки ҳар ду автомашина зарари техникӣ дидаанд.

  Мавриди зикр аст, ки навори ҳодисаи мазкур ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ роҳ ёфта, мавриди вокуниши шаҳрвандон низ қарор гирифтааст.

  Вобаста ба ин нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Туксон» рақами қайди давлатиаш 5686АК08, шаҳрванд Абдуллоев Муродулло Ҳусейнович протоколи маъмурӣ бо моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани зарари расонидашуда вазифадор карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin