• Home »
  • ХАБАР »
  • Фаврӣ: Боздошти дуздон баъди як соати пахши навор!
Фаврӣ: Боздошти дуздон баъди як соати пахши навор!

Фаврӣ: Боздошти дуздон баъди як соати пахши навор!

   Санаи 13 август, тахминан соатҳои 13 ба 14 дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навор дуздии амволи ғайр аз ҷониби нафарони номаълум дар ҳудуди бозори Фаровони шаҳри Душанбе пахш гардида, савдогарону тоҷирони бозори мазкур бо изҳори таассуф зикр намудаанд, ки дуздони пайдошуда давоми рузҳои охир тахминан аз 10 мағоза маҳсултҳои гуногунро рабуда, ба онҳо зарари молиявӣ расонидаанд. Дар зимн корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навори мазкурро ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ирсол намуда, дархост намудаанд, ки барои дастгир намудани яғмогарон чораҳои қонунӣ андешида шавад.


  Вобаста ба баррасии муроҷиати тоҷирони бозори Фаровон ва муайяну дастгир намудани ҷинояткорон кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ доир намуда, ҳамагӣ баъди 1 соати пахши навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ 2 нафар шаҳрвандонро ба сифати гумонбар барои содирнамоии як қатор ҷиноятҳои дуздӣ дастгир ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд. Инҳо:

Калонов Бурҳон Асрорович соли таваллудаш 02.04.1972, зода ва сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Назаров, деҳаи Камаров, пеш бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ судшуда;

Ҳафизов Абуҷаъфар Аброриддинович соли таваллудаш 16.09.1985 зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Гисарский, пеш бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ судшуда;

  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳарду нафарони боздоштшуда ба ҳам алоқаи наздики хешутаборӣ (тағову ҷиян) дошта, тибқи маслиҳати пешакӣ аз якчанд мағозаҳои бозори Фаровон маҳсулоти ниёзи аввалро дуздидаанд. Мавриди зикр аст, ки аз лаҳзаи боздошт то инҷониб чораҳои аввалини тафтишотӣ алакай 6 ҳолати силсиладуздиҳои ду нафар дуздони касбиро муайян намуда, ба ҳайси далел якчанд маводи рабудашуда аз дасти онҳо мусодира карда шуд.
  Вобаста ба далели мазкур маводҳои ҷамъовардашуда барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (дуздӣ) андешида шуда истодааст.
  Айни ҳол чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ оид ба муайян намудани дигар ҳолатҳои дуздии аз ҷониби боздоштшудагон содиргардида идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin