• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии муроҷиат: ҷаримабандӣ ва аз кор озод намудани ҷавони дағалгуфтор
Баррасии муроҷиат: ҷаримабандӣ ва аз кор озод намудани ҷавони дағалгуфтор

Баррасии муроҷиат: ҷаримабандӣ ва аз кор озод намудани ҷавони дағалгуфтор

  Санаи 3-уми августи соли ҷорӣ як нафар ҷавонзан, сокини шаҳри Душанбе, истифодабарандаи фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки ҳангоми қарордошт дар аквапарки «Делфин», як нафар ҷавонписари тахминан 20-25 сола (расм дар муроҷиат замима гардидааст) нисбаташ суханҳои таҳқиромез зада, охиронро дар назди модараш дашному ҳақоратҳои қабеҳ намудааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои муроҷиаткунанда дар санаи мазкур хизматрасонӣ танҳо барои занон пешбинӣ гардида, воридшавии мардон қатъиян манъ аст, ки бар хилофи муқаррароти мазкур дар дохили он ҷавонписарон низ гаштугузор менамуданд. Бо ин мақсад ҷавонзан аз милитсияи пойтахт дархост намуд, ки ба ҳодисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори санҷишӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа муайян карда шуд, ки ҷавонписари дар расм инъикосёфта шаҳрванд Юсуфзода Фарҳод Туйчӣ соли таваллудаш 13.03.1996, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ҳамчун мутахассис (инструктор) оид ба шиноварӣ дар муассисаи фароғатии аквапарки «Делфин» фаъолият карда, дар ҳақиқат дар вақти мамнуъ вориди майдони асосии аквапарк гардида, бар замми он нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дағалгуфторӣ намудааст.
  Бо назардошти ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе маводҳои лозима ҷамъоварӣ карда шуда, нисбати гумонбаршаванда шаҳрванд Фарҳод Юсуфзода бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбати шаҳрванд Юсуфзода Фарҳод ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ таъин намуд.
  Илова бар ин бо пешниҳоди мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Юсуфзода Фарҳод Туйчӣ аз вазифаи мутахассис (инструктор) оид ба шиноварии аквапарки «Делфин» озод карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin