Ҷаримабандии 14 ронандаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиш

Ҷаримабандии 14 ронандаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиш

   Бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ошкору мауйян намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ ва аз байн бурдани тамбашавии сунъии воистаҳои нақлиёт дар кучаҳои марказии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
    Дар натиҷаи баргузории маҷмуи чорабиниҳои назоратӣ муайян карда шуд, ки аксари ронандагоне, ки ба қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд, соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ буда, хангоми идораи воситаи нақлиёт дар кучаҳои марказии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Дар идомаи корҳои санҷишӣ ронандагони воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ ва корҳои прорфилактикӣ-фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
  Зимни санҷиш маълум гардид, ки ронандагони дар аксҳо инъикосёфта Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври дағалона вайрон намуда, автомашинаҳои худро дар қатори дуюму сеюм ва муқобили самт беназорат гузоштаанд, ки аз як ҷиҳат боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт гардида, аз ҷониби дигар сабаби норозигии шаҳрвандон ва муроҷиати онҳо ба мақомоти милитсия гардидааст.
  Дар натиҷа нисбати ронандагони дастрасгардида тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд, ки минбаъд Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Аз ҷумла як чанд ҳолати ҳуқуқвайронкунии ронандагони воситаҳои нақлиёт:

Ашуров Фирӯз Абдуҷалилович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 7000 ЕD 03;


Аброров Назрулло Саъдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатияш 5555 ТК 01;

Беков Шаҳбоз Сайдаҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ландкрузер», рақами қайди давлатияш 0067 ЕС 01;

Ҳусайнов Абубакр Сиёвушович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», рақами қайди давлатияш 0003 JJ 03;


Қурбонов Иброҳим Ҳабибуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мазда», рақами қайди давлатияш 2882 ОD 01;


Шарифов Шарофиддин Исломович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота – Ландкрузер», рақами қайди давлатияш 4531 RХ 01;

Зарифи Сиддиқҷони Умар – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ягуар», рақами қайди давлатияш 0012 КК 01;

Қосимов Муродҷон Саидбекович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-RX-350», рақами қайди давлатияш 1414 ВР 01;


Одинамадов Озодшо Душанбеивич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», рақами қайди давлатияш 3373 АО 01;


Мирзоев Тоҷиддин Муминович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота – Прадо», рақами қайди давлатияш 4077 РВ 01;


Қосимов Исохон Саидхуҷаевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 5555 YO 01;

Ибрагимов Дилшод Анварович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 0015 QQ 01;

Раҳимов Маҳмадовуд – ронандаи автомашинаи тамғаи «Discovery», рақами қайди давлатияш 1111 ЕЕ 01;

Олимов Исфандиёр Зайниддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота – Кемрӣ», рақами қайди давлатияш 7771 DS 01;

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin