• Home »
  • ХАБАР »
  • 7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои истифодаи нафари маъюб ба талбандагӣ
7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои истифодаи нафари маъюб ба талбандагӣ

7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои истифодаи нафари маъюб ба талбандагӣ

  Машғул шудан ба кору фаъолият ва меҳнати ҳалолу музднок ҷиҳати пешбурди рӯзгор баҳри ҳар инсон мояи шараф ва ифтихор аст. Инсони солиму шарафманд ҳеҷ гоҳ ба амале, ки боиси коста гаштани шарафу номус ва қадру қиммати инсонии ӯ мегардад, даст нахоҳад зад. Вале, мутаассифона дар ҷомеа баъзан афроди тануманду солиме вомехӯранд, ки пешбурди зиндагониро дар фаъолияти камранҷ вале костакунандаи шарафи мардӣ, яъне талбандагиву гадоӣ дида, натанҳо худ бо ин роҳ маблағ ба даст меоваранд, ҳамзамон нафарони маълулу муҳтоҷро низ ба ин амал водор месозанд, ки ҷои нигаронист.
  Аз ҷума кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди корҳои профилактикию санҷишӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муайян намуданд, ки шаҳрванд Исмоилов Умаралӣ Усмонович зодаи ноҳияи Файзобод, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тағои худ – шаҳрванд Толибов Боймаҳмад Ғолибшоевич, ки маюб аст, дар аробачаи махсуси маъюбӣ шинонда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба талбандагӣ машғул намудааст. Баъди ба мақомоти милитсия дастрас гардидан шаҳрванд Исмоилов Умаралӣ иброз дошт, ки дар чандин мавриди дигар низ бо истифода аз нафарони дарманду нотавон ва ноболиғон ба талбандагӣ даст задаст. Аз ҷумла номбурда ҷиянаш ноболиғ Ғайратов Руслан Раҳмонович соли таваллудаш 2009-ро ба хонаи худ ба суроғаи ш. Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ оварда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пайваста талбандагӣ водор мекардааст.


  Гарчанде номбурда тани сиҳату қобили ба фаъолиятҳои музднок машғул шуданро дорад, вале ин роҳи камранҷро пешаи худ намуда, бо афкандани эҳсосоти раҳму шафқат ба дили шаҳрвандону роҳгузарон аз ин ҳисоб маблағ ба даст меовардааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Исмоилов Умаралӣ Исмонович санаи 29-уми июли соли ҷорӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазои дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin