• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ҷавонписар барои амали ғайриахлоқӣ дар ҷои ҷамъиятӣ
Ҳабси ҷавонписар барои амали ғайриахлоқӣ  дар ҷои ҷамъиятӣ

Ҳабси ҷавонписар барои амали ғайриахлоқӣ дар ҷои ҷамъиятӣ

  Навори кирдору амали ғайриахлоқонаи як ҷавонписар, ки дар макони ҷамъиятию мавзеъи муқаррарнагардида пешоб мекунад, баъди роҳ ёфтан дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди танқиду вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифта, корбарон ин амали ҷавонписарро хилофи одобу маданияти шаҳрнишинӣ ва костагии одобу ахлоқи ҷавони дар навор инъикосёфта маънидод намуданд, ки номбурда ин амали ғайриахлоқонаи худро дар санаи 17.07.2020 тахминан состҳои 14-30 дақиқа дар кӯчаи Н. Қарабоев назди тарабхони Суғдиён содир намудааст.


  Вобаста ба ошкор ва пешгирии чунин ҳолатҳои нанговар ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки ҷавони дар навор инъикосёфта, шаҳрванд Қосимов Равшан Фаррухович соли таваллудаш 18.09.1993, истиқоаткунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, бинои 104 мебошад. Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки санаи мазкур (17.07.2020) баъди нушидани нушокии спиртии «Пиво» дар кӯчаи Н. Қарабоев назди тарабхонаи Суғдиён дар мавзеи муқарарнагардида, байни ҷамъият пешоб карда, тартибот ва осудагии шаҳрвандонро халалдор намудааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Қосимов Равшан парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда бо Қарори Суд нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин ва ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin