Боздошти ронандаи фирорӣ

Боздошти ронандаи фирорӣ

  Санаи 11-уми июли соли 2020 тахминан соатҳои 21:20 дақиқа ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Н. Махсум ба самти маҳаллаи Зафари н. Синои шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Тоҷ» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард зани 62 солаи сокини пойтахтро зада аз пой меафтонад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби ронандаи автомашинаи мазкур ба беморхона дастрас гардида бистарӣ карда мешавад. Аммо ронанда пас аз ба бморхона дастрас намудани пиёдагард ба самти номаълум ғайб задаст.
Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа ронандаи мазкур боздошт ва ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
  Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Худойназаров Азизҷон Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Турсунзода деҳаи Ширкент мебошад, ки номбурда тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир намудааст.
  Айни замон ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои садамаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin