• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Боздошт аз рӯи навор: Ҷаримабандии ронанда барои бетартибӣ ва ташкили ҳолати садамавӣ (дрифт)
Боздошт аз рӯи навор: Ҷаримабандии ронанда барои бетартибӣ ва ташкили ҳолати садамавӣ (дрифт)

Боздошт аз рӯи навор: Ҷаримабандии ронанда барои бетартибӣ ва ташкили ҳолати садамавӣ (дрифт)

  Риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва одобу рафтори тарзи идора намудани воситаи нақлиёт ҷузъи уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, ронандагонро мебояд бо риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар пешгирии садаманокӣ ва эмин нигоҳ доштани ҳаёти шаҳрвандон аз оқибатҳои марговари садамаҳои нақлиётӣ ҳиссагузор бошанд.
  Мутаасифона, вақтҳои охир аз ҷониби як зумра ронандагони ҷавон аз ҳисси худнамоишӣ воситаҳои нақлиёташонро яку якбора бо суръати баланди ҳаракати аз меъёри муқарраргардида зиёдтар аз ҷойи ист ба ҳаракат дароварда, овозҳои гушхароши нороҳаткунандаро ба муҳити атроф расонида, (ба истилоҳи бархе ҷавонон «дрифт») боиси ба ҳарос овардани шаҳрвандон ва ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ мегарданд.


  Аз ҷумла як нафар шаҳрванд тавассути суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наворе ирсол намуд, ки дар он ҳолати аз ҷойи ист яку якбора ҳаракат намудани воситаи нақлиёти тамғаи БМВ аломати қайди давлатиаш 2003 СР 01 инъикос ёфта, ронандаи автомашинаи мазкур бо чунин тарзи ҳаракат ҳолати хатарноку садамавиро ба миён овардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатиаш 2003 СР 01 шаҳрванд Ғаниев Фирӯз Назриддинович соли таваллудаш 12. 04. 1996. истиқоматкунандаи кӯчаи Авул-2 хонаи 144 мебошад. Номбурда баъди ба мақомоти милитсия дастрас гардидан иброз дошт, ки санаи 27.07.2020. ҳангоми дар кӯчаи Асадуло Ғуломови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштан бар хилофи муқаррароти Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, автомашинаи худро яку якбора аз ҷои ист ба ҳаракат дароварда, (дрифт) бо ин амалаш вазъияти хатарнокро ба вуҷуд овардааст.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурда барои содир намудани ин амалҳояш бо дастрасии моддаи 325 қисми 4-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд, автомашина дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin