• Home »
  • ХАБАР »
  • КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ COVID-19
КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ COVID-19

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ COVID-19

  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Covid-19 дар бозорҳои “Меҳргон” ва “Варзоб” – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯрӣ доир намуд.


  Зимни вохӯрӣ ба сокиноне, ки барои хариди маводи озуқаворӣ ворид мегардиданд ва бениқоби муҳофизаткунанда гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ аз вируси сирояткунандаи Covid-19, риояи гигиенаи ҳаррӯза ва оммафаҳм намудани нишонаҳои пайдоиш, пешгирӣ, худҳифзнамоӣ аз ҷониби масъулин расонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin