• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт дар 20 дақиқа: Ҷавонзани 22 сола баъди латукӯб мӯи сари ҷавонзани дигарро бурид (Навор)
Боздошт дар 20 дақиқа: Ҷавонзани 22 сола баъди латукӯб мӯи сари ҷавонзани дигарро бурид (Навор)

Боздошт дар 20 дақиқа: Ҷавонзани 22 сола баъди латукӯб мӯи сари ҷавонзани дигарро бурид (Навор)

  Имрӯз, санаи 6 июн тахминан соатҳои 17.00 дақиқа дар шабакаҳои иҷтимоии Интернетӣ як навори латукӯб ва муноқишаи ду нафар ҷавонзан роҳ ёфт, ки дорои саҳнаи даҳшатноки хушунату шиканҷа ва азобу уқубат буда, боиси вокуниш ва сарусадоҳои манфӣ аз ҷониби корбарону истифодабранадагони шабакаҳои иҷтимоии Интернет гардид. Дар зимн корбарон бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида ошкор ва боздошт карда шуда, нисбати кирдори авбошонаи онҳо баҳои воқеии ҳуқуқӣ дода шавад.


  Бо мақсади ошкору муайян намудани шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида ва санҷиши воқеии ҳолати кор аз ҷониби гуруҳи оперативӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва бо кӯмаки як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаи Интернет (маъмури Parviz TV) макони содиршавии ҳодиса муайян карда шуда, барои дастгир намудани онҳо тибқи якчанд фарзияҳои оперативӣ чорабиниҳои дастгиркунӣ гузаронида шуд.
  Дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт ҳамагӣ баъди 20 дақиқа аз пахши навор шахсияти нафарони дар он инъикосгардида пурра муайян ва худи онҳо боздошт карда шуда, ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд, ки онҳо:
Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна соли таваллудаш 12.10.1998 зодаи шаҳри Турсунзода, муҷаррад, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров, бинои 11, ҳуҷраи 20;


Дадахонова Мадина соли таваллудаш 20.09.1995 зодаи шаҳри Турсунзода, муҷаррад, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 31, ҳуҷраи 13;


Ваҳобова Гулноза Зафаровна истиқоматкунандаи 09.10.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи У.Хайём 77 мебошанд.


  Тибқи санҷиш муайян карда шуд, ки ҳар се ҷавонзани дастгиршуда, ҷабрдида – Ваҳобова Гулноза, гумонбар – Холиқова Шаҳноза ва наворбардор – Дадахонова Мадина бо ҳам шинос буда, макони содиршавии ҳодиса манзили истиқоматии гумонбар Холиқова Шаҳноза мебошад, ки ҳамаи кирдорҳои ғайриқонунии нисбати шаҳрванд Ваҳобова Гулноза анҷомдода маҳз дар ҳамин манзил содир ва сабт гардидааст.
  Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова Шаҳноза ҷабрдида Ваҳобова Гулнозаро мавриди латукӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ҷабрдида Ваҳобова Гулнозаро мебурад. Дар ин лаҳзаҳои мудҳиши ҷиноӣ шаҳрванд Дадахонова Мадина ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд.
  Дар асоси далелҳои дар боло овардашуда айни ҳол нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбари асосӣ Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
  Санҷиши ҳодисаи мазкур таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, зимнан мақомоти милитсияи пойтахт аз шаҳрвандоне, ки барои ошкорнамоии ҷинояти мазкур саҳми худро гузоштанд, изҳори сипос менамояд.
  Бо истифода аз фурсат ба таваҷҷӯҳи сокинон расонида мешавад, ки ҳар як кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҳодисаву оддитарин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ба поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон оварда мерасонад, бе баррасӣ ва чораандешии қатъӣ нахоҳад монд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin