• Home »
  • ХАБАР »
  • Бе ниқоб гаштугузор қатъиян манъ аст!: Риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ боиси гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ мешавад
Бе ниқоб гаштугузор қатъиян манъ аст!: Риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ боиси гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ мешавад

Бе ниқоб гаштугузор қатъиян манъ аст!: Риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ боиси гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ мешавад

  Тибқи тавсия ва хулосаи мутахассисони соҳаи тиб истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятиро кам мекунад. Дар акси ҳол гаштугузор намудан бе истифода аз ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, махсусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам василаи асосӣ барои гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 мегардад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин намуд беморӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза зидди коронавирус гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ гардидааст.
  Вобаста ба ин ва ҷиҳати риояи ҳатмии талаботҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарию эпидимиологӣ ва пеш аз ҳама огоҳонидани шаҳрвандон аз хатари паҳншавии бемории мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои мобилӣ ташкил карда шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва дукону фурӯшгоҳ, мағозаҳои фурӯши хӯроки умум ва дигар маконҳои гаштугузори шаҳрвандон амалиётҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуд.
  Аз ҷумла дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои профилактикии мазкур танҳо дар санаи 23 май зиёд аз 100 ҳолати риоя накардани талаботҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ муқаррагардида, махсусан бе ниқоб гаштугузор намудани шаҳрвандон муайян ва ба қайд гирифта шуд. Кормандони милитсияи пойтахт, бо он нафароне, ки зимни баргузории ин амалиёти профилактикӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ба гаштугузор машғул буданд, суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
  Аз ҷумла якчанд ҳолати бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор намудани шаҳрвандон:

Ҷабборов Фирӯз

Абдуллоев Саидшоҳ

Алиқулов Шералӣ

Сайфуллоев Арабшоҳ

Назаров Муҳаммад 

Ғуломов Нуралӣ

Шодиев Зоиршо

Талбиев Беҳрӯз

Сайфудинов Гулос

Раупов Аҳмадҷон

Алабердиев Мақсад

Қулов Ҷалол

Ашуров Алишер

Пиров Шаҳбоз

Расулов Раҳим

  Қобили зикр аст, ки саломатии ҳар шахс аз худи ӯ вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пеш аз ҳама саломатии худро эҳтиёт намоянд ва дар ин рӯзҳои паҳншавии пандемияи коронавирус безарурат аз хона набароянд ва ҳангоми баромадан Қоидаҳои беҳдоштиро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin