• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи 70 адад силоҳи сард дар 7 рӯзи амалиёти профилактикии “Корд”
Мусодираи 70 адад силоҳи сард дар 7 рӯзи амалиёти профилактикии “Корд”

Мусодираи 70 адад силоҳи сард дар 7 рӯзи амалиёти профилактикии “Корд”

  Омили номатлуб ё нописанде, ки имрӯзҳо дар ҷомеа махсусан дар байни ҷавонону ноболиғон роиҷ гардидааст, ин бо худ гардонидани корд ва дигар намудҳои силоҳи сард мебошад. Дар бештари маврид маҳз бо худ гирифта гаштани корд сабабгори асосии сар задани ҷиноятҳои ба муқобили саломатии инсон равонагардида шудааст.
  Мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам бархе ҷавонону ноболиғоне ҳастанд, ки бо худ ҳаргуна силоҳи сард махсусан корд мегардонанд. Ин бори дигар аз натиҷаи амалиёте, ки аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди пойтахт роҳандозӣ шуд исботи худро ёфт.
  Мавриди зикр аст, ки давоми 7-рӯз, яъне аз санаи 1-ум то 7-уми март амалиёти шартии бо номи «Корд» дар марҳилаи навбатӣ дар тамоми манотиқи пойтахт, аз ҷумла муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд. Чуноне аз натиҷаҳои ба даст омада дар давоми ин 7-рӯзи амалиёт бармеоянд, дар баробари ҷавонони ба истилоҳ кӯчагард мутаассифона баъзе аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ силоҳи сард яъне корд доранд. Воқеан ин боиси нигаронӣ ва таассуф аст. Хонандаи муассисаи таълимӣ ба ҷои лавозимоти хониш дар бари худ корд дорад, ки он танҳо барои расонидани зарари ҷисмонӣ истифода бурда мешаваду халос. Аз ин лиҳоз бори дигар падарону модарон ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъуланд ҳушдор дода мешаванд, ки назоратро аз болои фарзандони худ бештар намоянд, то яклаҳзаина бе аҳамиятӣ боиси пушаймонӣ нагардад.
  Дар марҳилаи навбатии амалиёти мазкур 13-нафар ҷавонону ноболиғон, ки бо худ корду дигар намудҳои силоҳи сард доштанд боздошт гардиданд, ки аз онҳо дар умум 70-адад силоҳи сард, аз ҷумла 67-адад корд, 2-адад табар ва 1-адад чубдаст (бита) дарёфту мусодира карда шуданд.
  Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҳабси маъмурӣ, нисбати волидайни ноболиғон протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати дигарон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.
Аз ҷумла шаҳрвандони зерин:

  Чилаев Зафар Пираҳмадович, соли таваллудаш 23. 07. 1978. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, 19-адад корд. Мавриди зикр аст, ки номбурда қаблан барои ба фурӯш гузоштани силоҳҳои сард дар ҶДММ «Корвон плюс» боздошт ва аз ӯ 1650-адад силоҳҳои сарди гуногун дарёфту мусодира карда шуда, нисбаташ чораҳои таъсиррасонӣ қонунӣ андешида шуда буд. Номбурда боз такроран ба ин амал машғул шудааст, ки ин навбат низ нисбаташ чораҳои таъсиррасони қонунӣ дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ андешида шуд;

  Михайлов Александр Владимирович, соли таваллудаш 06. 09. 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нахимова 21. Номбурда дар ҶДММ «Бозори Ганҷина» ба фурӯши ғайриқонунии силоҳи сард машғул буд. Аз ӯ 30-адад кордҳои гуногун, 1-адад табар, 1-адад дастчӯб (бита) дарёфту мусодира карда шуда, нисбаташ бо моддаи 510-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.;

Каримов Сафиааллоҳ Сайдисломович соли таваллудаш 17. 08. 2005. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи С. Шерозӣ бинои 20/2, хонандаи синфи 8 “в” МТМУ №72 н. Фирдавсӣ. Номбурда дар назди мағозаи Гулистон, вокеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев 7 ба фурӯши олотҳои буррандаю халанда аз ҷумла корд машгул буд. Аз ӯ 9-адад кордҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд;

Элназаров Шавкат Алиҷонович, соли таваллудаш 28. 08. 1970, истиқоматкунандаи шаҳри душанбе кӯчаи Умед, як-адад корд;

Шехов Саидбек Ҳакимович, соли таваллудаш 19. 05. 1998 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Назаршоев 86 хучраи 65, як-адад корд;

Саидов Абдулазиз Бобоҷонович, соли таваллудаш 24. 11. 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, як-адад корд;

Ҳамидов Комил Лагимбекович, соли таваллудаш 11. 02. 1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душвнбе кӯчаи Памирск 270, як-адад корд;

Дадаҷонов Бежан Раҳимович соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский 85/3, як-адад корд;

Забиров Азимҷон Асламович соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳувайдуллоев 240, як-адад корд;

Акбаров Акбархон Собитхонович соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Меҳнатобод, як-адад корд;

Раҷабалиев Забир Баҳромович, соли таваллудаш 21. 11. 2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи А. Ғуломов, хонандаи синфи 8 “в” МТМУ №43 н. Сино, як-адад корд;

Маҳмадалиев Муҳаммадюсуф Зафарович, соли таваллудаш 06. 09. 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Маяковский, як-адад табар;

Аминҷони Убайдулло соли таваллудаш 20. 09. 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷ/д Чимтеппа маҳаллаи Ҷӯйбодом, хонандаи синфи 8 “г” МТМУ №97, як-адад корд;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin