• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронанда нисбати як ҷавондухтар
Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронанда нисбати як ҷавондухтар

Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронанда нисбати як ҷавондухтар

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки пайваста аз ҳуқуқу манфиатҳои занону модарон ҳимоят намуда, нисбати он нафароне, ки бо ахлоқу рафтори нописанди худ боиси поймол гаштани ҳуқуқу манфиатҳои занон мегарданд, чораҳои дахлдори қонунӣ меандешад.
  Ҳафтаи равон як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақамҳои қайди давлатиаш 5543SS01 аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои муроҷиаткунанда санаи 21-уми феврали соли 2020 тахминан соати 10:00 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи А. Дониш, назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, бар замми ин бо алфози қабеҳ мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро паст задаст.
  Дар натиҷа аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиати мазкур таҳти санҷиш ва баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақамҳои қайди давлатиаш 5543 SS 01 шаҳрванд Тағоев Абубакр Фахриддинович соли таваллудаш 16.03.1993, истиқоматкунандаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе мебошад.


  Зимни санҷиш ва пурсиши гумонбаршаванда Тағоев Абубакр муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат номбурда санаи 21-уми феврали соли 2020 тахминан соати 10:00 ҳангоми дар кӯчаи А. Дониш назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе қарор доштанаш нисбати ҷавондухтар ҳаракати таҳқиромез нишон медиҳад, ки баъди эроди муроҷиаткунанда нисбати ин ҷавондухтар дашному ҳақоратҳои қабеҳ намудааст.
  Бо дарназардошти ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Тағоев Абубакр барои майдаавбошӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 26-уми феврали соли 2020 нисбати Тағоев Абубакр ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ татбиқ намуд. Ҳамзамон номбурда ҷиҳати дар минбаъда ба чунин амалу кирдори хилофи қонун даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin