Муроҷиати шаҳрванд ба таври фаврӣ баррасӣ гардид

  Гарчанде оид ба як қатор ҳолатҳои рафтори ғайриоинномавӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона ва муносибати дағали ронандагон нисбати шаҳрвандон гузоришҳо пешниҳод намуда, ҷиҳати пешгирии он чорабинӣ ва амалиётҳои профилактикӣ роҳандозӣ намуда бошем, ҳамоно ронандагоне ёфт мешаванд, ки зимни адои вазифаи ҷамъиятӣ ба дағалгуфторӣ роҳ дода, нисбати шаҳрвандону иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ беҳурматӣ зоҳир ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи онҳоро поймол месозанд.
  Аз ҷумла як қатор истифодабарандагони сомонаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми воситаи нақлиёт аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе талаб намуданд, ки нисбати кирдорҳои дағалонаи ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда зимни ҳаракат дар маҳаллаи Каленин дар баробари ба аломати танзимкунандаи ҳаракати роҳ итоат накардан, ҳамзамон ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд оварда, боз нисбати шаҳрвандон дағалгуфторӣ низ намудааст.


  Зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи ДЭУ-Сиелло рақами қайди давлатиаш 9497 ЕМ 01, шаҳрванд Тошов Зафар Қудбиддинович соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат кӯчаи Рӯдакӣ мебошад. Дар натиҷаи санҷиш ошкор шуд, ки номбурда, бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ба таври ғайриқонунӣ дар хатсайри худсохтаи №8 ба мусофиркашонӣ машғул будааст.
  Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронандаи дастрасгардида шаҳрванд Тошов Зафар бо моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Ҳамзамон номбурда ба кирдорҳои содирнамудаи худ пурра иқрор шуда, барои дар оянда ба чунин амалҳои ғайриахлоқӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin