• Home »
  • ХАБАР »
  • Ғоратгарони телефонҳои мобилӣ дастгир шуданд
Ғоратгарони телефонҳои мобилӣ дастгир шуданд

Ғоратгарони телефонҳои мобилӣ дастгир шуданд

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 30-солаи сокини кӯчаи Борбади ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 31-уми октябри соли 2019, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 2000 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хонор”, ки арзишаш 1500-сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
  Ҳамчунин зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбаччаи 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, рӯзи 19-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 06:20-дақиқа, дар назди меҳмонхонаи “Сирена”-и шаҳри Душанбе бо тариқи зӯроварӣ аз дасти зани 35-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-2”, ки арзишаш 600-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 19-солаи сокини кӯчаи Борбад ворид гардидааст, ки рӯзи 15-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 100-сомонӣ, 2-адад телефони мобилии тамғаҳои “Самсунг Ҷ-6”, “Хуавей” ва 1-адад барқдиҳанда, ки арзиши умумиашон 2 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи дар боло номбаргардида содир намудааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin