• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷиноят дар дохили ҷиноят: Боздошти ҷавони ғоратгар дар ноҳияи Сино
Ҷиноят дар дохили ҷиноят: Боздошти ҷавони ғоратгар дар ноҳияи Сино

Ҷиноят дар дохили ҷиноят: Боздошти ҷавони ғоратгар дар ноҳияи Сино

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо фаъолияти шабонарӯзӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин намуда, бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебаранд.
  Аз ҷумла дар натиҷаи амалӣ намудани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Эҳсони Рустам санаи таваллудаш 28-уми июни соли 2000-ум сокини ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Гулбутта, ки барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешуд, дастгир гардид. Гарчанде номбурда соли 2016 бо ҷурми содир намудани ҷиноят дуздӣ суд шудааст, ин навбат боз даст ба ҷинояти аз он ҳам вазнинтар яъне ғоратгарӣ зада, санаи 7-уми августи соли ҷорӣ дар назди бинои 187/1 кӯчаи Борбади ш. Душанбе аз гардани шаҳрванд Кирилова Александра Николаевна бо тариқи ошкоро як адад гарданбанди тиллогинашро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Номбурда бо содир намудани ин амали ҷиноятиаш ба ҷабрдида 17-ҳазор рубли руси зарари калони молиявӣ расонид.
  Айни ҳол нисбати номбурда бо моддаи 248 (ғоратгарӣ)-и КҶ ҶТ парванди ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда Эҳсони Рустам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

  Дар робита ба ҳодисаи мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки агар аз ин нафар ҷабр дидаанд, метавонанд ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin