• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт: Дуздон қолинҳои мардумро ба маблағи зиёда аз 50 000 сомонӣ рабудаанд (Навор)
Боздошт: Дуздон қолинҳои мардумро ба маблағи зиёда аз 50 000 сомонӣ рабудаанд (Навор)

Боздошт: Дуздон қолинҳои мардумро ба маблағи зиёда аз 50 000 сомонӣ рабудаанд (Навор)

  Баҳри бароварда сохтани эҳтиёҷот ва қонеъ сохтани нафси саркаш баъзе аз афроди кутоҳандеш даст ба амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ мезананд. Худро ба гирдоби ҷиноят ғуттавар намуда, дар баробари доғдор сохтани номи худ умри пурқимматашонро пушти панҷараи маҳбас сипарӣ хоҳанд кард.
  Яке аз чунин афроде, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудаву мебоист амалу кирдорҳои худро ислоҳ намуда, ба ҳаёти осоишта машғул шавад, шаҳрванд Одинаев Маҳмадӣ Ибодович соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Гарчанде номбурда худ пайроҳаи доғдоркунандаи ҷиноӣ дорад, боз як нафари дигар, шаҳрванд Саидов Ҷаҳонгир соли таваллудаш 2001 истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо низ ҳамроҳ гирифта, дар якҷоягӣ ба дуздии амволи ғайр даст задаанд.


  Дар асоси муроҷаитҳои шаҳрвандон ва зимни амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои оперативҷ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ кормандони милитсияи пойтахт муайян намуданд, ки номбурдагон асосан ба дуздии қолинҳои шаҳрвандон машғул будаанд. Гумонбаршавандагон дар вақти шабона пайи амалӣ намудани ҳадафи ҷиноияшон дар кӯчаҳои пойтахт сайру гашт намуда, қолинҳое, ки шаҳрвандон дар назди манзилҳои истиқоматӣ барои хушк шудан гузоштаанд, тасарруф намуда, бо маблағи ночизе мефурухтаанд.
  Ҳамин тариқ номбурдагон бо содир намудани 20 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ ба шаҳрвандон аз 2 то 5-ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
  Айни замон нисбати гумонбаршавандагон Одинав Маҳмадӣ ва Саидов Ҷаҳонгир бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin