• Home »
  • ХАБАР »
  • Дастгир гардидани як гурӯҳ дуздони кисабур

Дастгир гардидани як гурӯҳ дуздони кисабур

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 2-юми сентябри соли 2019, тахминан соати 10:00, ҳангоми дар бозори “Султони Кабир” қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 90 000 рубли Федератсияи Россияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар шаҳрвандон: марди 34-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, марди 47-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin