Ғайриқонунӣ ронда бурдани автомашина

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 63-солаи сокини кӯчаи Гипрозем муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми июли соли 2019, тахминан соати 07:00-дақиқа, шахсони номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Вектра”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат гузошта шуда буд, ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд. 

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 20-солаи сокини кӯчаи Х.Назарови пойтахтро ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф дастгир намуданд. 
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin