• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии фаврӣ: Ҳабси маъмурии ҷавони майдаавбош барои таҳқир ва халалдор кардани тартибот!
Баррасии фаврӣ: Ҳабси маъмурии ҷавони майдаавбош барои таҳқир ва халалдор кардани тартибот!

Баррасии фаврӣ: Ҳабси маъмурии ҷавони майдаавбош барои таҳқир ва халалдор кардани тартибот!

  Шаби 12 ба 13 июли соли ҷорӣ, тахминан соати 2-и шабона як нафар ҷавонзан, сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсияи пойтахт оид ба кирдорҳои авбошонаи як нафар ҷавонписари тахминан 28-30 сола муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки номбурда дар ин вақти шаб оромии шабона, тартибот ва амнияти ҷамъиятиро халалдор намуда, нисбати муроҷиаткунанда суханҳои қабеҳ зада, дар назди дигар атрофиён шаъну шарафашро паст намуда истодааст.
  Вобаста ба санҷиш ва баррасии муроҷиати мазкур ба таври фаврӣ кормандони милитсияи пойтахт ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, нафари майдаавбошро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
  Дар натиҷаи санҷиш ва гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки нафари ба мақомоти милитсия дастрасгардида шаҳрванд Ҳасанов Фаррух Сулаймонович соли таваллудаш 07.11.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Юсуф Вафо, донишҷӯи бахши 4-уми Консерваторияи миллии Тоҷикистон буда, мувофиқи маълумотномаи Маркази наркологӣ дар ҳолати сахти сархушӣ қарор дошта, соати 2-и шабонаи санаи 13 июл бо мақсади гуфтугузор намудан бо як нафар шиносаш ба кӯчаи Борбад 75, ки қаблан нафари мавриди назараш дар он ҳуҷра ба ҳайси иҷоранишин зиндагӣ менамуд, ҳозир шуда дари хонаро мекӯбад. Дар ин лаҳза муроҷаиткунандаи мазкур, ки ба ҳайси иҷоранишини нав дар ин ҳуҷра зиндагӣ мекунад, дари хонаро кушода иброз медорад, ки нафари мавриди назараш дар ин ҷо зиндагӣ намекунад.

  Дар ин лаҳза дастгиршуда Ҳасанов Фаррух ба суханони муроҷаиткунанда бовар накарда, баръакс бо ӯ муноқиша намуда, тартибот ва амнияти ҷамъиятиро дар вақти шабона халадор карда, бар замми ин бо доду фиғон ва овози баланд дар ин вақти шаб ҳамсояҳои дигарро низ ба он ҷо ҷамъ мекунад. Сипас ба кирдорҳои авбошона ва ғайриахлоқии худ давом дода, муроҷиаткунандаро дар ҳузури дигар шаҳрвандон низ дашному ҳақорат намудааст, ки навори аз ҷониби муроҷиаткунанда сабтгардида, гувоҳи гуфтаҳои болоянд.
  Тавре ба ҳамагон маълум аст, навори мазкур, ки нимаи дуюми санаи 13 июл дар шабакаҳои иҷтимоии Интеренетӣ паҳн гардид, мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, шаҳрвандон аз муносибати бад ва дағалгуфтории ин ҷавон шадидан изҳори нигаронӣ намуданд.


  Дар асоси гуфтаҳои боло нисбати дастгиршуда шаҳрванд Ҳасанов Фаррух Сулаймонович тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, худи ҳамин рӯз санаи 13 июл дар асоси Қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуда, барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандоне, ки бетараф набуда барои пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ба кормандони мақомоти милитсия мусоидат менамоянд изҳори минатдорӣ менамояд. Вобаста ба ин, бори дигар аз кулли шаҳрвандон махсусан сокинони шаҳри Душанбе талаб менамояд, то нисбати чунин ҳодисаҳо бетараф набуда, ҷиҳати таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон бо мақомоти милитсия дар иртибот бошанд, зеро танҳо бо ҳамбастагӣ метавон пеши роҳи ҳамагуна кирдори зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок гирифта шавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin