• Home »
  • ХАБАР »
  • Мулоқоти судманд бо кормандони соҳаи тандурустии пойтахт
Мулоқоти судманд бо кормандони соҳаи тандурустии пойтахт

Мулоқоти судманд бо кормандони соҳаи тандурустии пойтахт

  Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа махсусан норасоиву камбудиҳо дар соҳаи тандурустӣ ва сироятёбии шаҳрвандон ба бемориҳои гуногун ва дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мулоқот ва суҳбати озод бо кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ва роҳбарони тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар масъулини соҳаи тандурустии пойтахт ширкат намуданд.

  Дар мулоқот нахуст муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон шаҳри Душанбе торафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоиштаро фароҳам овардааст. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоии аҳолӣ махсусан соҳаи тандурустӣ бо сохта ба истифода додани биноҳои наву замонавии марказҳои саломатӣ ва ворид гардидани таҷҳизоти беҳдоштии муосир тибби тоҷик пеш рафта истодааст.

  Дар идомаи мулоқот сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвият бахшидан корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон, аз ҷумла ноболиғону хонандагони муассиаҳои таълимӣ мусоидаткунанда, пешгирӣ намудан аз муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ, муборизаи дастаҷамъона зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ ва бемориҳои сироятии аз ин роҳ бавуҷудоянда, истифодаи ваколатҳои табибону духтурон ва кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа дар бунёди муҳити ҷомеаи солим ҳарф зад.
  Шариф Назарзода дар идомаи суханронӣ доир ба рафти иҷроиши Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №42 аз 29-уми январи соли 2019 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ва ташкили гурӯҳҳои корӣ дар доираи амалиёти маърифативу профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” сухан кард. Номбурда афзуд, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва қабул гардидани Қарори мазкур ташаббуси саривақтӣ ва бамаврид буда, натиҷаи сермаҳсули он аст, ки давоми соли охир дар натиҷаи татбиқи он вазъи ҷинояткорӣ дар тамоми самтҳо тамоюли камшавӣ дошта, содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин низ бамаротиб дар пойтахти кишвар коҳиш ёфта истодааст.

  Дар идомаи мулоқоти мазкур роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт оид ба баъзе мушкилоти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бетарафию беаҳамиятӣ ва хунукназарии кормандони баъзе аз марказҳои табобатӣ, фурушу истифодаи дорувориҳои пастсифат, ҳамзамон омилҳои зиёдшавии ҷиноятҳои ахлоқӣ, ки боиси сироятёбии шаҳрвандон ба бемориҳои мушкилдаво гардидааст суханронӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз масъулияти баланди касбию шаҳрвандии табибон ва ақлу заковати онҳо метавонад пеши роҳи ин қабил амалу кирдорҳои номатлубро дар ҷомеа бигирад.
  Тавре номбурда дар идомаи суханронии худ иброз дошт, солимии миллату давлат аз солимии оила ва ҳар як шаҳрванд сарчашма мегирад. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳама вохуриву мулоқотҳои худ бо шаҳрвандон вобаста ба пеша намудани тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва табобати босифати беморон ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар таъкид мекунанд.

  Дар анҷоми мулоқот иброз гардид, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озод, ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд гардидани маърифати ҳуқуқиву шаҳрдории сокинони пойтахт ҳамзамон решакан намудани кирдорҳои ғайриахлоқӣ дар байни шаҳрвандон ва норасоиву камбудиҳои соҳа бартараф карда хоҳанд шуд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin