• Home »
  • ХАБАР »
  • Милитсияи пойтахт рӯзи Артиши миллиро ботантана таҷлил намуд
Милитсияи пойтахт рӯзи Артиши миллиро ботантана таҷлил намуд

Милитсияи пойтахт рӯзи Артиши миллиро ботантана таҷлил намуд

  Вобаста ба таҷлили шоистаи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлат ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон ба шумор рафта, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли Истиқлолияти кишвари азизамон маҳсуб меёбад, – иброз дошт Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генрал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи тантанавӣ.


  Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ нахуст табрикоти Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси шаҳри Душанберо ба ҳайати шахсии милитсияи пойтахт расонида, иброз дошт, ки дар тули солҳои таъсисёбии худ артиши миллӣ ба як нерӯи бузурги қудратӣ табдил ёфта, имрӯз бо сарбаландӣ аз уҳдаи таъмини тартибот дар кишвар мебароянд. Дар тули ин солҳо саҳми кормандони шуҷоъ ва далерони Ватан дар таҳкими амнияти сартосарӣ ва бунёди давлати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин мебошад.
  Дар тули 26-соли фаъолияти худ афсарону сарбозони он тавонистанд вазифаи муқаддаси худро содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, бо ҷасорату мардонагӣ, фидокориву хизматҳои шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди касбии хеш амнияти давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқололият ва дахлнопазирии марзу буми кишварро сарбаландона таъмин намоянд.


  Мавриди зикр аст, ки маҳз ба хотири пос доштани хидматҳои мардони барӯманди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуруъ аз соли 1993 то ин ҷониб ҳар сол 23-юми феврал дар сартосари кишвар ҳамчун «Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.
  Имрӯз бо дастгириҳои давлату ҳукумат ниҳодҳои қудратии кишвар бо тамоми лавозимоти хизматию маишӣ таъмин буда, ҳамзамон баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши кормандон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад.
  Тавре дар ҷаласаи мазкур иброз гардид, маҳз бо фаъолияти хастанопазири шабонарӯзӣ, донишу малакаи баланди касбӣ ва бо ҳисси хештаншиносиву ватанпарастӣ, метавон якпорчагии ин марзу бумро ҳифз намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin