• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини кӯчаи Шевченкои ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда, рӯзи 13-уми январи соли 2019, тахминан соати 20:00- дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш дар хонаи истиқоматиаш бо собиқ ҳамсараш, зани 54-сола ҷангу ҷанҷол намуда, дари ҳуҷраро зада шикаста, сипас аз болои миз як адад корди ошхонагиро гирифта ба гулӯи зани номбурда зер намуда, таҳдиди куштан намудаааст.
  Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin