• Home »
  • ХАБАР »
  • Дуздии телефонҳои мобилӣ аз бозори “Панҷшер”
Дуздии телефонҳои мобилӣ аз бозори “Панҷшер”

Дуздии телефонҳои мобилӣ аз бозори “Панҷшер”

  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Фархор ва марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд. 

  Номбурдагон, рӯзи 1-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 05:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хусусӣ, воқеъ дар бозори “Панҷшер” даромада, аз он ҷо 36-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва 7000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 43000-сомониро ташкил медиҳад.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin