Робитаи милитсия бо аҳолӣ таҳким меёбад

Робитаи милитсия бо аҳолӣ таҳким меёбад

  Дар доираи иҷроиши нақша-чорабиниҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши қонунҳои амалкунандаи кишвар, риояи муқарароти Маромномаи сокини пойтахт аз ҷониби ҳар як шаҳрванд, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи ҷамъиятӣ ва пешггирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ҳамзамон дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни Соли нави мелодӣ бо бахшу хадамотҳои мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, кумитаи маҳаллаҳо, институтҳои ҷамъиятву фаъолони ҷомеа, милитсия пойтахт силсилавохуриҳоро ташкил ва баргузор намуда истодаанд.


  Чунин як вохурӣ дар маҷлисгоҳи Шуъбаи 2-и ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пулодӣ, роҳабряити Шуъбаи 2-и ВКД дар ноҳияи Сино, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва ҳайати шахсии милитсияи шуъбаи мазкур иштирок намуданд.
  Дар вохурӣ нахусут муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Дадабойзода Ҳ. П. суханронӣ намуда, пиромуни иҷроиши Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии ба танзим оварандаи фаъолияти шаҳрдорӣ ҳарф зада, аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, ки давоми сол ҷиҳати пешгирию бартарафнамоии фарҳангу маданияти бегона ва амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ташкил шудаву фаъолият намуда буданд натиҷагирӣ намуда, нақши раисону фаъолони маҳаллаҳоро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ баланд арзёбӣ намуд.


  Ҳамзамон номбурда иброз дошт, ки бо фаро расидани ҷашни Соли нави мелодӣ истифодаи воситаҳои пиратехникӣ аз ҷониби баъзе аз нафарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва дохили биноҳои баландошёна мутаассифона ба чашм мерасанд, ки ин омил ба оромии шаҳрвандон халал ворид месозад. Аз ин лиҳоз аз ҳар як нафар ва махсусан раисону фаъолони кумитаи маҳаллаҳо тақозо карда мешавад, ки корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикиро дар байни ҷомеа зиёд намуда, пеши роҳи чунин амалҳо гирифта шавад то дар рӯзҳои ҷашнгирии Соли нави мелодӣ осоиштаҳолии шаҳрвандон халалдор нагардад, иброз дошт номбурда.


  Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва раисони кумитаи маҳаллаҳо суханронӣ намуда, оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои дар пешистода таклифу пешниҳодҳо намуда, иброз доштанд, ки бо фаъолияти шабонарӯзӣ пеши роҳи ҳама гуна кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа гирифта хоҳад шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin