Баррасии вазъи хизматрасонии нақлиётии шаҳри Душанбе дар мулоқот бо масъулини соҳа

Баррасии вазъи хизматрасонии нақлиётии шаҳри Душанбе дар мулоқот бо масъулини соҳа

  Ба хотири баррасии вазъи вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ба эътидол овардани вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли он, муҳокимаронии кирдору рафтори ғайриқонунии ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва пеш аз ҳама ташкили хизматрасониҳои нақлиётии босифат барои меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе бо супориши бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, таксиҳои мусофиркашон, масъулини бахшу хадамотҳои назоратӣ дар самти нақлиёти шаҳри Душанбе ва ронандагону дигар масъулони соҳаи роҳу нақлиёт баргузор гардид, ки дар он 400 нафар иштирок намуданд.
  Нахуст ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро оғоз бахшида, оид ба вазъи хизматрасонии нақлиётӣ ва норасогиву камбудиҳои соҳа суханронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки новобаста аз фароҳамсохтани шароиди мусоиди корӣ ва сохта ба истифода додани роҳу дигар инфрасохторҳои хизматрасонӣ ҳанӯз ҳам дар соҳаи хизматрасонии роҳу нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт камбудиҳое ба чашм мерасанд, ки ҷиҳати бартараф намудани он аз масъулини соҳа фаъолияти ҳамаҷониба талаб карда мешавад.
  Сипас, бо маърузаи таҳлилӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон доир ба вазъи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе бо овардани факту рақамҳои дақиқ аз вазъи қоидавайронкунӣ ва амалу ҳаракатҳои дағали баъзе аз ронандагон суханронӣ намуд.

  Зимни суханронии худ роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт иброз дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, сайёҳони зиёде аз кишвари мо дидан мекунанд. Дар ин замина ҳар як сайёҳе, ки ба кишвар мо ворид мегардад, аз хизматрасониҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, автобусу тролейбус, микроавтобус ва махсусан таксиҳои мусофиркашон истифода мебаранд. Дар ин ҳолат сайёҳони хориҷӣ аз тарзи рафтору муносибат, муошират ва чигунагии маданияти ронандагон ба фарҳангу маданияти як миллати бузург баҳо медиҳанд.

  Шариф Назарзода дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки аз ин рӯ бояд, ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе дорои фарҳанги баланд, маданияту маърифати воло, ахлоқи ҳамида ва дар муоширату муомила намунавӣ бошанд.
Илова бар ин дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар доираи иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои салоҳиятдор баҳри бартараф намудани падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу амнияти ҷамъиятӣ, таҳкими маърифату маданияти шаҳрдорӣ, баррасии вазъи садаманокии роҳу нақлиёт, махсусан садамаҳои нақлиётии марговар, андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти нақлиётҳои ҷамъиятии мусофиркашонӣ, аз ҷумла автомашинаҳои сабукрави мусофиркашон – ба истилоҳ таксиҳо, ба роҳ мондани муомилаву муоширати хуби ронандагон бо мизоҷон, як қатор чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар ин замина мунтазам чорабиниҳои профилактикӣ доир намуда истодааанд.
  Тавре таъкид гардид, ҳамарӯза ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар пойтахти кишвар 134 адад чароғаки роҳнамо, ки 70 адади онҳо бо камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” пайвастанд, бо 2800 адад аломатҳои роҳ ба танзим медароранд.
  Тибқи малумотҳои расмии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, айни ҳол ҳамарӯза аз 8 самти воридшавӣ ба пойтахти кишвар – шаҳри Душнабе зиёда аз 60 ҳазор воситаҳои нақлиёт (ба ҳисоби миёна бо 300 ҳазор нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар) ворид мегарданд.

  Илова бар ин таъкид гардидааст, ки баланд гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодиёву иҷтимоии пойтахти кишвар ва зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ давоми солҳои охир дар шаҳри Душанбе ба раванди иқтисодиёти ҳар як оилаи пойтахт таъсири мусбати иқтисодӣ расонида, сол ба сол дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёдшавии воситаҳои нақлиёт ба назар мерасад. Агар дар соли 2013 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 57 671 адад воситаҳои нақлиёти гуногун ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад, ин шумора ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ ба 71 993 адад, яъне давоми 5 солу 9 моҳ 14 322 адад зиёд шудааст.
  Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми 2 соли охир чароғонкунӣ, мумфаршкунии роҳҳо, таъмиру азнавсозии истгоҳҳои нақлиётии мусофиркашон, интиқол ва шинонидани гулу дарахтони ороишӣ аз кишварҳои хориҷӣ симои кӯчаю хиёбонҳо, гулгашту мавзеъҳои истироҳативу фароғатии шаҳри Душанберо куллан тағйир дода, шаҳри Душанбе – ифодагари воқеии “Шаҳри гулҳо”-ро таҷассум ва шаҳри умеду орзуҳои ҳазорон нафар сайёҳону меҳмонон гардидааст, иброз дошт номбурда.
  Дар ин давра ҳамчунин 48 адад истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ, 2 адад терминалҳои мусофиркашонӣ сохта ба истифода дода шуда, парки нақлиёти мусофиркашонӣ бо 186 адад автобусҳои нави шаҳрии ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгубуда таъмин карда шудааст.
  Таҷдид ва азнавсозии роҳҳои мошингард ба меъёрҳои замонавӣ мувофиқ ва дар ин замина ташкили хатсайрҳои нави мусофиркашонии дохилишаҳрӣ хизматрасонии нақлиётиро ба аҳолии шаҳри Душанбе ба сатҳу сифати баланд оварда расонидааст.
  Дар вохурӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун мақомоти салоҳиятдор дар самти назорати ҳаракат ва танзими соҳаи нақлиёт, ҷиҳати назорат ва иҷрои санадҳои миеъёриву ҳуқуқӣ доир ба рияои ҳатмии талаботи қонунгузорӣ оид ба нигоҳдошти дастовардҳо ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва танзими фаъолияти он маҷмӯи чорабиниҳои муайянеро таҳия ва амалӣ намудааст.
  Зеро, бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, ҳануз ҳам камбудию норасогиҳо дар хизматрасонии нақлиётӣ ва риоя нагардидани талаботи меъёрҳои муқарраргардидаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ҷой доранд. Махсусан надоштани либоси ягона ва мутобиқ набудани намуди зоҳирии ронандагон ба талаботи шаҳрдорӣ, дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, берун аз истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ таваққуф намудану бо дарҳои кушода идора намудани воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ беасос баланд бардоштани нархҳои танзимшавандаи хизматрасонӣ ва рӯз аз рӯз тамоюли зиёдшавӣ доштани сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷой доранд, ки ин ҳолатҳо боиси халалдор гардидани натиҷаҳои ба дастовардашуда гашта истодааст.
  Роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки бо мақсади ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта дар хизматрасонии нақлиётӣ ва бартараф намудани онҳо, инчунин ба талаботи меъёрҳои муқарраргардидаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ мутобиқ гардонидани фаъолияти воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта, амалӣ гашта истодааст.

  Тавре зикр гардид, зимни назорати ҳамарӯза аз болои ҳаракат дар роҳ ва гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар умум 148 786 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 27 661 адади онҳо ба таври дағалона аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон содир карда шудааст.
  Тибқи таҳлилҳо 27 661 – қоидаваронкунӣ аз шумораи умумии ҳуқуқваронкуниҳои ошкоркардашуда 18,6%-ро ташкил медиҳад, ки ин шумора хеле калон ва ташвишовар мебошад. Ин дар ҳолест, ки шумораи умумии нақлиётҳои мусофиркашони пойтахт нисбати шумораи умумии воситаҳои нақлиёти дар ҳудуди шаҳри Душанбебуда 3.3%-ро ташкил медиҳанд.
  Илова бар ин тавре зикр гардид давоми 9-моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 18-адад садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 2 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
  Масъалаи дигари ташвишовар, ки имрӯзҳо дар ҷомеа сарусадоҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ин муносибати дағали бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, ҳаракатҳои майдаавбошона, таҳқири занону бонувон ва духтарони ҷавон аз ҷониби ронандагон мебошад – таъкид гардид дар вохӯрии мазкур ва дар ин замина аз ронандагон талаб карда шуд, ки чунин камбудиҳоро бартараф намоянд. Доир ба ин масъала таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ ва муайян намудани ҳолатҳои болозикргардида дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Фармони махсуси роҳбарияти мақомоти милитсяи пойтахт гурӯҳҳои махсуси оперативии корӣ таъсис дода шуда, ҳамрӯза дар дохили нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъятӣ фаъолият мебаранд. Баъди таъсиси гурӯҳҳоии мазкур 13 ҳолати майдаавбошии ронанадгони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ошкор карда шуда, нисбати онҳо бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоикистон (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва бо Ҳукми суд ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.

  Дар рафти суханронӣ ҳамаи камбудиву норасогиҳои соҳа, ҳаракатҳои ғайриқонунии ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон тавассути тасвир-слайдҳо ва наворҳои оперативӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки чунин камбудиву норасогиҳои дағали ҳаракати роҳ дар соҳаи хизматрасониҳои нақлиёти мусофиркашони пойтахт гувоҳи хунукназарӣ ва бемасъулиятии сохторҳои марбуда буда, дастоварду пешравиҳои инфрасохтори нақлиётии шаҳри Душанберо коста мегардонад.
  Аз ин рӯ, зарур аст, ки роҳбарони ширкатҳо ва масъулини сохторҳои назоратӣ дар соҳаи нақлиёт дар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва танзими соҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе саҳмгузор бошанд.
  Дар интиҳо, аз ҷониби маърузачиён бори дигар дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии босифати нақлиётӣ дар ҳудуди пойтахт, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба самъи роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонӣ расонида шуда, талаб карда шуд, ки иҷроиши онро шахсан назорат ва таъмин намоянд.

Муҳсин Юсупов
Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin