• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ронандае, ки баъди латукӯб ҷавонзанро дашномҳои қабеҳ дод
Боздошти ронандае, ки баъди латукӯб ҷавонзанро дашномҳои қабеҳ дод

Боздошти ронандае, ки баъди латукӯб ҷавонзанро дашномҳои қабеҳ дод

  Санаи 4 сентябри соли ҷорӣ шаҳрванд Олимов Шаҳром Ҳусейнович соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли наворе ба унвони Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи мусофиркашоне, ки ҳамсараш-ҷавонзани 22 сола, соҳиби 1 фарзандро дар наздикии бозори Корвони шаҳри Душанбе мавриди латукуб қарор дода, бо дашномҳои қабеҳ шаъну шарафашро дар назди ҷамъият паст задааст, чораандешӣ карда шавад.
  Бо супориши бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе вазифадор ва масъул гардид, ки оид ба ҳодисаи мазкур чораандешӣ ва қарори қонунӣ қабул намояд.


  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия субҳи санаи 5 сентябр автомашинаи дар навор сабтгардида, тамғаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 6792НА01-ро боздошт ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки автомашинаи номбурда ба қаҳрамони дар навор зикргардида шаҳрванд Олимов Рустам Ҳасанович соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Назаршоев тааллуқ дошта, номбурда ҳангоми фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ ва ҳаракат тариқи роҳи пиёдагарди назди бозори Корвон бар замми оне, ки ба ҷавонзани пиёдагузар роҳ надодааст, боз аз автомашина фаромада нисбати ҷавонзани 22 сола бо алфози қабеҳ дашному ҳақоратҳои ғайриинсонӣ гуфта, дар ҳузури атрофиён бо дастошан ба ду тарафи руи ҷавонзан ду маротиба задааст.
  Зимни пурсиши ҷавонзани муроҷиаткунанда ва ронандаи боздоштшуда ҳолати кор муайян карда шуда, ронандаи бадахлоқ ҳангоми додани баёнот барои содир намудани кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриҳуқуқиаш пурра иқрор гардид.


  Дар натиҷаи нисбати ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 5 сентябр бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Рустам Олимов ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст.


  Илова бар ин нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Олимов Рустам Ҳасанович барои бе гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба мақомоти Суд ирсол карда шуд. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ронандаро таҳдид мекунад.
  Дар робита ба ҳолати мазкур милитсияи шаҳри Душанбе бори дигар ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон, пешгирии чунин ҳолатҳои аз ҷониби ҷавонписарон мавриди ҳамлаҳои лафзӣ қарор гирифтани занону духтарон, баррасии муроҷиатҳои занону духтарон оид ба масъалаҳои зуроварӣ дар оила, бартараф намудани муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ, аз байн бурдани костагиву кирдорҳои ғайриахлоқии ҷавонон дар доираи амалиёти профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ» дар назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳар як муроҷиати пешниҳодгардида мавриди баррасӣ ва чораандешии саривақтӣ қарор дода мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin