• Home »
  • ХАБАР »
  • Қаллобӣ ва фиреби шаҳрвандон дар ҳаҷми махсусан калон
Қаллобӣ ва фиреби шаҳрвандон дар ҳаҷми махсусан калон

Қаллобӣ ва фиреби шаҳрвандон дар ҳаҷми махсусан калон

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 34-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2016 ҳангоми дар кӯчаи А.Навоии пойтахт қарор доштанаш, марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 37 миллиону 156 ҳазору 630-рубли русиро гирифта, ба маблағи 32 миллиону 441 ҳазору 630-рубл аз Федератсияи Россия чӯбу тахта оварда, боқимонда 4 миллиону 715 ҳазор рубли русиро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
  Зимни тафтиш муайян гардид, ки номбурда бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2016 ба боварии марди дигари 34-солаи сокини шаҳри Ҳисор, даромада, аз ӯ 21 миллиону 687 ҳазору 350 рубли русиро гирифта, ба маблағи 17 миллиону 334 ҳазору 100 рубл аз Федератсияи Россия чӯбу тахта оварда, боқимонда 4 миллиону 270 ҳазор рубли русиро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
  Нисбати марди гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin