Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 

Номбурда, рӯзи 14-уми октябри соли 2017 дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини кӯчаи С.Шерозӣ даромада, аз ӯ барои тиҷорат 28000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin