Боздошти ронандаи фирорие, ки ноболиғонро пахш намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст

Боздошти ронандаи фирорие, ки ноболиғонро пахш намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст

  31-уми июли соли 2018, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Тунис ба самти кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардони ноболиғ, Исоев Мустафо Муродалиевич, соли таваллудаш 2009, хонандаи синфи 3-юми МТМУ ва Шокиров Ризвон Алишерович, соли таваллудаш 2011, сокинони кӯчаи Туниси пойтахтро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

   Дар натиҷа, ноболиғон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гармо-гармӣ кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-200” Муҳаммадиев Нурислом Гизулаевич, соли таваллудаш 1968, сокини кӯчаи Тунисро, ки пеш бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, дастгир намуданд.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin