• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳаёт ва фаъолияти ибратангези собиқадори милитсия
Ҳаёт ва фаъолияти ибратангези собиқадори милитсия

Ҳаёт ва фаъолияти ибратангези собиқадори милитсия

  Бо ёдоварӣ аз айёми ҷавонӣ ва рӯзгори сахту мушкилоти пушти сар намудаи худ, собиқадари мақомоти милитсия подполковники мустаъфӣ Асадов Неъматулло, аз фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони барӯманди миллати тоҷик, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, дар оғӯши фарзандону наберагон даврони пирӣ ронда, шукрона мекунад. 
  Асадов Неъматулло 29-уми июни соли 1938 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, баъд аз адои хизмат муддати 28-сол дар вазифаҳои гуногуну пурмасъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

  Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Шӯрои собиқадорони раёсат пайваста аз ҳолу аҳволи собиқадорони милитсия бохабар гардида, дар ғаму хурсандии онҳо шарикӣ мекунанд. Асадов Неъматулло, ки ба синни мубораки 80 қадам гузошт, бо собиқаи кории 28-солаи худ дар мақомоти корҳои дохилӣ аз таҷриба ва донишу малакаи касбии худ пайваста ба насли ҷавони милитсия тавсияҳои муфид медиҳад.
  Ҳафтаи сипаригардида, бо дастуру супоришҳои сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо Шӯрои собиқадорон ба дидорбинии номбурда рафта бо дастагул ва дигар тӯҳфаҳои хотирмон, Асадов Неъматуллоро ба 80-умин солгарди умраш табрику муборакбод гуфтанд. 
  Воқеан метавон гуфт, ки собиқадорони мақомоти милитсия мояи ифтихор ва такягоҳи насли ҷавони милитсия ба шумор рафта, бо тавсия ва раҳнамоиҳои худ дар пешбурди фаъолият ба кормандони ҷавон кӯмак мерасонанд. 
  Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти имқониятҳои мавҷуда, собиқадорони милитсия ва оилаҳои он кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, дар арафаи таҷлили ҷашну маросимҳои миллӣ, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардида, кумакҳои молиявию озуқаворӣ расонида мешавад.

 

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin