Қаллоб автомашинаҳоро азонихуд намуд

Қаллоб автомашинаҳоро азонихуд намуд

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда, моҳи феврали соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 40000-сомонӣ харидорӣ намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Дар ҷараёни тафтиш инчунин муайян карда шуд, ки номбурда моҳи марти соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 38000-сомонӣ харидорӣ намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin