• Home »
  • ХАБАР »
  • Тақдими 20 адад скутер ба Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи шаҳри Душанбе
Тақдими 20 адад скутер ба Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи шаҳри Душанбе

Тақдими 20 адад скутер ба Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи шаҳри Душанбе

  Аз ҷониби роҳбарияти далату ҳукумат ҷиҳати таъмини моддию техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар баробари сохта ба истифода додани биноҳои наву замонавии хизматӣ, ҳамзамон ба кормандони милитсия автомашинаҳои хизматӣ, велосипед, мототсикл, скутер ва дигар таҷҳизотҳои лозимӣ тақдим карда мешаванд. Таваҷҷӯҳ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилист, ки имрӯз он ба як ниҳоди калидӣ ва қудратманди ҷумҳурӣ табдил гардида, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ нақши калон дорад.
  Мавриди зикр аст, ки дар доираи ислоҳоти милитсия ва дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия бо дастгириҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 20-адад скутерҳои наву замонавӣ тақдим гардид.


  Дар расми супоридани он сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба қароргоҳи ин воҳиди мақомот ташриф оварда, дар баробари шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизматбарию маишӣ ва кору фаъолияти онҳо ҳамзамон бо милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия (БХДПМ) суҳбату мулоқоти судманд доир намуд.
  Номбурда зимни вохурӣ бо милитсионерони баталиёни мазкур иброз дошт, ки имрӯз бо фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ баҳри кормандони милитсия, фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ сол то сол беҳбуд гардида, ба як сохтори калидии кишвар мубаддал гардидааст. Сохта ба истифода додани биноҳои нави хизматӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани он бо техникаву технологияи муосир, ки баҳри пешбурди фаъолият ва пешгирии ҷинояткорӣ равона гардидааст, аз кормандони мақомоти милитсия фаъолияти дучанд талаб карда мешавад.


  Бояд тазаккур дод, ки чун дигар ҷузъу томи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсат низ новобаста аз вазъи боду ҳаво, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт, дар се баст дар хатсайрҳои муайяншуда, ба таври шабонарӯзӣ хизмати патрулию дидбониро ба роҳ мондаанд. Метавон гуфт, ки бо тақдим гардидани ин 20-адад скутер млитсионерони ин ниҳод боз ҳам фаъолияти потрулию дидбониро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмати дучанд хоҳанд кард.
  Скутерҳои мазкур истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, аз ҷиҳати истифодаи сузишворӣ камхарҷтарин буда, бо 6 литр бензин 600 км роҳро тай мекунад.


  Зимни вохурӣ бо кормандони Баталиён сардори Раёсат бори дигар таъкид бар он намуд, ки бо дарки масъулият ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумат шабона дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятӣ пурзур карда шавад. Дар мулоқот ҳамчунин таъкид намуд, ки кормандони Баталиёни мазкур шабона хатсайрҳои муайяншударо зери назорати қатъӣ гирифта, аз сарзадани ҳаргуна амалҳои ношоиста, аз қабили дуздиву ғоратгарӣ, авбошиву бадмастӣ ҷилавгирӣ намоянд.


  Ҳамзамон аз ҷониби сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати таъмини тартиботу риояи қонуният, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон ва бартараф намудани савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда махсусан таъкид намуда, иброз дошт, ки пойтахти кишвар, пеш аз ҳама бо ободу зебогии худ ва тартибу низом аз дигар манотиқи кишвар бояд фарқ кунад. Дар баробари ин милитсияи пойтахт низ бо рафтору кирдор, донишу маърифат, ва ҳисси баланди масъулияти хизматӣ ва бо садоқатмандӣ ба давлату миллат намуна бошанд.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin