Наҷоти ҷавонзани 33-сола аз ғарқшавӣ

Наҷоти ҷавонзани 33-сола аз ғарқшавӣ

  Кормандони мақомоти милитсия зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва адои қарзи шаҳрвандӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳифзи молу ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

  Махсусан фаъолияти шабонарӯзии кормандони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ки дар 3-баст дар хатсайрҳои муайяншуда ба таври шабонарӯзӣ ба хизмати патрулию пайраҳадорӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе машғуланд, шоёни таҳсин мебошад.
  Чунин як қаҳрамонии корманди ин ниҳод буд, ки як нафар зан аз вартаи маргу худкушӣ наҷот дода шуд.
  Мавриди зикр аст, ки шаби 9-уми июли соли ҷорӣ тақрибан соати 01:15-дақиқа, зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, ки соҳиби се фарзанд мебошад, бо мақсади худкушӣ аз болои пули кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар наздикии бозори Султони Кабир худро ба дарёи Душанбе партофта, мехост худро ба ҳалокат расонад. Дар ин вақт, ки дар кӯчаи мазкур корманди Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сержанти милитсия Неъматуллоев Далерҷон Фатҳуллоевич бо ду нафар сарбозони Қисми низомии №5453-и Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД Мирзошоев Саъдӣ Абдусаломович ва Шерхонов Насим Амиралиевич пайи адои вазифаҳои хизматӣ буданд, бо мушоҳидаи ғарқшавӣ дарҳол занро наҷот додаанд.
  Мавриди зикр аст, ки ин кормандони милитсия бо далерию шуҷоатмандӣ тавонистанд як нафар модари се фарзандро аз худкушӣ наҷот дода, ба ӯ ҳаёти дубора бахшанд. Корнамоии корманди милитсия ва сарбозон барои ҳамагон дарси ибрат ва мояи ифтихор мебошад.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin