• Home »
  • ХАБАР »
  • Нархгузорӣ намуда гирифтани автомашина ва напардохтани маблағи он
Нархгузорӣ намуда гирифтани автомашина ва напардохтани маблағи он

Нархгузорӣ намуда гирифтани автомашина ва напардохтани маблағи он

  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 29-солаи зодаи ноҳияи Кӯшониён, сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 
  Номбурда, рӯзи 22-юми ноябри соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 28-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “БМВ-525”-ро ба маблағи 281 ҳазору 600-сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 88 000-сомониашро пардохт намуда, ваъда додаанд, ки боқимонда маблағашро оварда медиҳанд. 
  Баъдан, автомашинаи мазкурро ба марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ба маблағи 149 ҳазору 600-сомонӣ фурӯхта, маблағи гирифтаашонро ба манфиати шахсияшон сарф намудаанд. 
  Нисбати номбурда, аз тарафи Прокуратураи ш.Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin