• Home »
  • ХАБАР »
  • Ду нафар ҷавон барои ҷиноятҳои ғоратгариву роҳзанӣ дастгир шуданд
Ду нафар ҷавон барои ҷиноятҳои ғоратгариву роҳзанӣ дастгир шуданд

Ду нафар ҷавон барои ҷиноятҳои ғоратгариву роҳзанӣ дастгир шуданд

  Ҳафтаи сипаригардида кормандони Шуъбачаи шаҳраки милитсияи Дустии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафарро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои роҳзаниву ғоратгарӣ дастгир намуданд.

 


  Муайян карда шуд, ки инҳо шаҳрвандон Муллоев Фирӯз Муҳаммадович соли таваллудаш 2000-ум истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Аҳроров Зиёдулло Юсуфҷонович соли таваллудаш 1997 истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ мебошанд. Дар натиҷаи пурсиши гумонбаршудагон ошкор гардид, ки онҳо бо маслиҳати пешакӣ барои ба даст овардани маблағу даромади муфт даст ба ҷинояткорӣ задаанд.
  Чунончи номбурдагон санаи 24-уми июни соли равон шаҳрванд Л. М.-ро бе ягон асос зери лату куб қарор дода, ба таври ошкоро ва истифодаи зуроварӣ аз ҷайбаш 520-сомонӣ маблағи пулӣ ва як адад телефони мобилиро тасарруф намудаанд.


  Ҳамчунин гумонбарон кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, шаҳрванд Б. Ҷ. сокини ноҳияи Восеъро низ дар ҳудуди шаҳри Душанбе мавриди лату куб қарор дода, бо таҳдиди истифода корд аз ӯ 325-сомонӣ маблағи пулиро рабудаанд.
  Илова бар ин зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ин ду нафар дастгиршуда, дар содир намудани ду лаҳзаи ҷинояти ғоратгарӣ низ даст доштаанд. Ҳамин тариқ дар маҷмӯъ гумонбарон бо ин кирдори ҷиноятияшон ба шаҳрвандон зиёда аз 10-ҳазор сомонӣ зарари молӣ расонидаанд.


  Айни замон гумонбаршавандаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаҳои 248 (ғоратгарӣ) ва 249 (роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin