Дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ

Дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми июли соли 2018, тахминан соати 13:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзишашон 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 25-солаи сокини кӯчаи Синои пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд. 
  Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 26-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 15-уми майи соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзишашон 15000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
  Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 36-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумон дуздӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin