• Home »
  • ХАБАР »
  • Дар ҳолати мастӣ содир намудани ҷинояти як нафар зан
Дар ҳолати мастӣ содир намудани ҷинояти як нафар зан

Дар ҳолати мастӣ содир намудани ҷинояти як нафар зан

  Содир гардидани ҷиноят аз ҷониби зан бисёр нанговар буда, аз костагии ахлоқ ва иффату покии чунин афрод далолат медиҳад.
  Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар занро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад. Ин нафар шаҳрванд, Ғ.А., соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.


  Чунончӣ дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, санаи 20-уми июни соли равон гумонбаршаванда дар манзили истиқоматии шаҳрванд Колуцкий Андрей воқеъ дар кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Сино шабнишинӣ доир намуда, бо ҳамроҳи соҳибхона ба нушидани машруботи спиртӣ машғул гардидаанд.
  Мавриди зикр аст, ки истеъмоли аз меъёр зиёди нушокиҳои спиртӣ оқибати нохӯш дошта, ҳар лаҳза нафари сархӯшро ба содир намудани ҷиноят водор месозад.


  Дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада гумонбаршаванда А. Ғ., аз ҳиссиёти сархӯшӣ бо як бераҳмии махсус нахуст бо шишаи машруботи спиртӣ ба сари ҷабрдида чанд маротиба зарба мезанад. Номбурда бо ин қаноат накарда бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ шуда, чанд маротибаи дигар ба қафаси синои шаҳрванд Калуцкий Андрей зарба зада, ӯро захмӣ намудааст.
  Айни замон ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад.
  Ҷиноят ки содир шуд, нафари ҷинояткорро мебояд ҷазои онро пардозад. Ҳоло нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110- Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin