Худро адвокат муаррифӣ намудани қаллоб

Худро адвокат муаррифӣ намудани қаллоб

  Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 34-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда, моҳи декабри соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 68-солаи сокини маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино даромада, худро ҳамчун ҳимоятгар (адвокат) муарифӣ карда, барои аз ҷавобгарӣ озод намудани бародараш аз ӯ 20000-доллари амрикоӣ талаб карда гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. 
  Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin