• Home »
  • ХАБАР »
  • Зарбаи корд ба қафаси сина дар натиҷаи авбошии гурӯҳӣ
Зарбаи корд ба қафаси сина дар натиҷаи авбошии гурӯҳӣ

Зарбаи корд ба қафаси сина дар натиҷаи авбошии гурӯҳӣ

  Сар задани ҷиноятҳои вазнин дар байни ноболиғону ҷавонон, аз бемасъулиятии волидайн, бетарафии атрофиён ва дар сатҳи паст қарор доштани таълиму тарбияи чунин афрод гувоҳӣ медиҳад. Дар ин замина пайваста кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, он нафароне, ки даст ба ҷинояткорӣ мезананд муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб мекунанд.
  Ҳамингуна авбошии гурӯҳие, ки санаи 29-уми майи соли ҷорӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои пойтахт байни ду гурӯҳи ҷавонон ба вуқуъ пайваст, ба ҷароҳат бардоштани яке аз иштирокчиёни он анҷомид. Дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбарони ин ҷиноят дастгир карда шуданд.
  Дар натиҷаи гузаронидани маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки аз ду ҷониб шаҳрвандон:
 

1.Ғоибов Кишвар Аскарович, соли таваллудаш 17. 01. 2000, истиқоматкунандаи кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Сино;

 

2.Аюбов Эраҷ Муҳаммадлиқоевич, соли таваллудаш 01. 01. 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи А. Ғуломов.

Аз ҷониби дигар бошад шаҳрвандон:
 1. Ахмедов Дамир Синоевич, соли таваллудаш 25. 06. 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Б. Ғафуров.

 

2.Шарипов Фирдавс Субҳиевич, соли таваллудаш 31. 12. 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии ноҳияи И. Сомонӣ.

бо маслиҳати пешакӣ байни ҳам муноқишаро тарҳрезӣ ва ташкил намуда, даст ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ задаанд.

  Тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ муноқишаи мазкур дар заминаи нофаҳмиҳои лафзӣ миёни Ғоибов Кишвар ва Ахмедов Дамир сар зада, баъдан аз ду ҷониб номбурдагон бо даъват намудани рафиқонашон бо ҳамдигар муноқиша намудаанд. Сипас ҳангоми муноқиша Кишвар Ғоибов бо корд мусаллаҳ шуда, ба қафаси синаи Шарипов Фирдавс як маротиба зада, ҳамроҳи ҳаммаслакаш аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. 

Дар ҳамин ҳолат Шарипов Фирдавс бо бардоштани ҷароҳати вазнин ба саломатияш дар беморхона бистарӣ карда шуда, айни ҳол таҳти назорати духтурон қарор дорад.

  Баъди ҳамагӣ 1 рузи содир гардидани ҷинояти мазкур дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарон дастгир карда шуда, нисбаташон бо моддаи 110 қисми 2 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 қисми 3 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Акнун тибқи муқаррароти ин ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷавонони дастгиршударо то 12 соли маҳрум шудан аз озодӣ таҳдид мекунад.
  Воқеан ҷои таассуф аст, ки ин ҷавонони сабукфикр дар як лаҳза номи худро доғдор намуда, зиндагонии осоиштаву озодира ба пушти панҷараву чордевории маҳбас иваз менамоянд.
  Аз ин рӯ, роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз кулли падарону модарон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар вақтҳои берун аз таҳсил, махсусан дар вақти шабона рафтору кирдори фарзандони худро зери назорат қарор дода, дар пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ саҳми худро дареғ надоранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin