• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздид аз Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин
Боздид аз Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин

Боздид аз Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин

  Дар идомаи сафари корӣ ҳайати намоядагони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин дидан намуда, бо фаъолияти Марказ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд камераҳои мушоҳидавии Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин тамоми ҳудуди шаҳр аз ҷумла, роҳҳои оҳан ва нақлиётгард, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, дохили нақбҳо, роҳҳои зеризаминӣ марказҳои калонтарини савдо, бозорҳо, меҳмонхонаву мавзеъҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ, соҳили баҳрҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳрро пурра фаро гирифта, дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои нохуш, сухтор, обхезӣ, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва дигар падидаҳои халадоркунандаи тартиботу амният ба таври автоматӣ ҳатман ба Маркази идоракунӣ хабар дода мешавад. Сипас аз нуқтаи наздиктарини Идораи бехатарии ҷамъиятӣ гуруҳи патрулӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир карда шуда, натиҷаи фаъолияти гуруҳ тариқи камераҳои мушоҳидавӣ пурра сабт карда мешавад. Илова бар ин иттилоъ дода шуд, ки ба ғайр аз камреаҳои мушоҳидавии болозикргардида дар тамоми ҳудуди роҳҳои нақлиётгард суръатсанҷҳо насб карда шудаанд, ки дар ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ба таври автоматӣ ҷаримабандӣ карда мешавад.


  Шаҳри Нанкин дар музофоти Тсзян Су қисмати шарқи Ҷумҳурии мардумии Чин – соҳили уқёнуси Ором ҷойгир буда, дорои 10,6 млн аҳолӣ мебошад. Суръати максималии ҳаракати воситаи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Нанкин 60 км/с муайян карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin