Қаллобӣ дар ҳаҷми 80 000 доллари амрикоӣ

Қаллобӣ дар ҳаҷми 80 000 доллари амрикоӣ

  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда, моҳи январи соли 2013, ҳангоми дар кӯчаи Сино қарор доштанаш, барои ривоҷ додани фаъолияти соҳибкориаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи А.Синои шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 50 000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Ҳамин тариқ, номбурда моҳи январи 2013 барои ривоҷ додани фаъолияти соҳибкориаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 30000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Нисбати марди гумонбар дар қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin