Ғоратгарии маблағ ва телефони мобилӣ

Ғоратгарии маблағ ва телефони мобилӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 31-солаи сокини ноҳияи Шуробод, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми майи соли равон, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Гипроземи пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 2000-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Риво”, ки арзишашон 2500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия як нафар ҷавони 18-сола ва писарбаччаи 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, дастгир намуданд.
  Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin