• Home »
  • ХАБАР »
  • Шикастани оинаи автомашина аз ҷониби шахси ношинос
Шикастани оинаи автомашина аз ҷониби шахси ношинос

Шикастани оинаи автомашина аз ҷониби шахси ношинос

  Ба ШВКД ноҳияи И. Сомонӣ як нафар ҷавонписари 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати шахси ношинос чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро санаи 28-уми майи соли равон оинаи автомашинаашро зада шикаста, ба ӯ ба маблағи 900-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
  Дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амвол дастгир карда шуд.
  Қазияи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin