Тақаллубкорӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Тақаллубкорӣ дар ҳаҷми махсусан калон

  Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 56-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд муроҷиат намудааст, ки аз санаи 22-юми сентябри соли 2016 то санаи 11-уми феврали соли 2017, марди 30-солаи сокини кӯчаи Сари Осиёи ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба боварии ҶДММ “Ҳоҷи Юсуф” даромада, аз он ҷо 12 ҳазору 802 халта орди навъҳои гуногунро ба маблағи 1 миллиону 767 ҳазору 185-сомонию 97-дирам насия гирифта, аз ин 1 миллиону 439 ҳазору 934 сомонию 50-дирамро пардохт намуда, боқимонда 369 ҳазору 5-сомонӣ маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 

  Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247-и (қаллобӣ) Коддекси ҷиноятиии Ҷумҳурии  Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin