Ошкор гардидани соҳибкории ғайриқонунӣ

Ошкор гардидани соҳибкории ғайриқонунӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 59-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур бархилофи талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бидуни гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомашина амал намудааст.

  Номбурда, аз соли 2008 то ин ҷониб дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Х.Мирзоеви шаҳри Душанбе ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири нақлиёти автомашина машғул гардида, фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ намудааст.
  Дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи Раёсати молияи шаҳри Душанбе даромади умумӣ аз соли 2008 то имрӯз маблағи 135 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. 
  Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Прократураи ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin