Ошкор ва дастгир гардидани мардумфиреб

Ошкор ва дастгир гардидани мардумфиреб

  Ба ШВКД дар нохияи И.Сомонӣ марди 30-солаи сокини пойтахт шикоят бурдааст, ки моҳи майи соли 2017, марди 26-солаи сокини кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 27.000-доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри” оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
  Ҳамчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, марди 35-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки аввалҳои соли 2018, дар кӯчаи Бини Ҳисораки шаҳри Душанбе шаҳрвандон: зани 29-солаи сокини кӯчаи мазкур ва марди 39-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 18.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
  Айни замон гумонбарони ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin