Мошинфурӯши қаллоб  дастгир гардид

Мошинфурӯши қаллоб дастгир гардид

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини пойтахт, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир гардид. Тафтишот муайян намуд, ки номбурда соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои фурӯши якчанд автомашинаҳои гуногунтамға, ки маблағи умумиашон 300.000-доллари амрикоиро ташкил мекунад, гирифта, фурӯхта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin