• Home »
  • ХАБАР »
  • Азхуд кардани маблағ ва автомашина бо роҳи қаллобӣ
Азхуд кардани маблағ ва автомашина бо роҳи қаллобӣ

Азхуд кардани маблағ ва автомашина бо роҳи қаллобӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2012 марди 33-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 21 ҳазору 618-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 37-солаи сокини кӯчаи Деҳотии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 20-уми августи соли 2015, ҳангоми дар назди маркази савдои “Суғдиён”, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт қарор доштанаш, марди 34-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки арзишаш 4800-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
  Ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin